Гар моҳи ман барафканад аз рух ниқобро

Ғазали шумораи 9

Гар моҳи ман барафканад аз рух ниқобро,
Бурқаъ фурӯ ҳилад ба ҷамол офтобро.

Гӯӣ ду чашми ҷодуи обидфиреби ӯ
Бар чашми ман ба сеҳр бибастанд хобро.

Аввалназар зи даст бирафтам инони ақл,
В-онро ки ақл рафт, чӣ донад савобро?

Гуфтам, магар ба васл раҳоӣ бувад зи ишқ,
Беҳосил аст хурдани мустасқӣ¹ обро.

Даъво дуруст нест, гар аз дасти нозанин
Чун шарбати шакар нахурӣ заҳри нобро.

Ишқ одамийят аст, гар ин завқ дар ту нест,
Ҳамширкатӣ ба хурдану хуфтан давобро².

Оташ биёру хирмани озодагон бисӯз,
То подшаҳ хироҷ нахоҳад харобро.

Қавм аз шароб масту зи манзур бенасиб,
Ман маст аз ӯ чунон, ки нахоҳам шаробро.

Саъдӣ, нагуфтамат, ки марав дар каманди ишқ?
Тири назар бияфканад Афросиёбро.

Саъдии Шерозӣ


¹ Беморе, ки ҳар чӣ об бинӯшад, ташнагияш рафъ нашавад.
² Чорпоён.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *