Вақти тараб хуш ёфтам он дилбари таннозро

Ғазали шумораи 11

Вақти тараб хуш ёфтам он дилбари таннозро,
Соқӣ, бидеҳ он ҷомро, мутриб, бизан он созро.

Имшаб, ки базми орифон аз шамъи рӯят равшан аст,
Оҳиста, то набвад хабар риндони шоҳидбозро.

Дӯш, эй писар, май хурдаӣ, чашмат гувоҳӣ медиҳад,
Боре ҳарифе ҷӯ, ки ӯ мастур¹ дорад розро.

Рӯи хушу овози хуш доранд ҳар як лаззате,
Бингар, ки лаззат чун бувад маҳбуби хушовозро.

Чашмони турку абрувон ҷонро ба новак² мезананд,
Ё Раб, кӣ додаст ин камон он турки тирандозро?

Шӯри ғами ишқаш чунин ҳайф аст пинҳон доштан,
Дар гӯши най рамзе бигӯ, то баркашад овозро.

Шероз пурғавғо шудаст аз фитнаи чашми хушат,
Тарсам, ки ошӯби хушат барҳам занад Шерозро.

Ман мурғаке парбастаам, з-он дар қафас биншастаам,
Гар з-он ки бишкастӣ қафас, бинмудаме парвозро.

Саъдӣ, ту мурғи зиракӣ, хубат ба дом овардаам,
Мушкил ба даст орад касе монанди ту шаҳбозро.

Саъдии Шерозӣ


¹ Пӯшида, пинҳон.
² Тири кӯчак.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *