Дӯст медорам ман ин нолидани дилсӯзро

Ғазали шумораи 12

Дӯст медорам ман ин нолидани дилсӯзро,
То ба ҳар навъе ки бошад, бигзаронам рӯзро.

Шаб ҳама шаб интизори субҳрӯе меравад,
К-он сабоҳат¹ нест ин субҳи ҷаҳонафрӯзро.

Ваҳ, ки гар ман боз бинам чеҳри меҳрафзои ӯ,
То қиёмат шукр гӯям толиъи пирӯзро.

Гар ман аз санги маломат рӯй барпечам, занам,
Ҷон сипар карданд мардон новаки дилдӯзро.

Комҷӯёнро зи нокомӣ чашидан чора нест,
Бар зимистон сабр бояд толиби Наврӯзро.

Оқилони хӯшачин аз сирри Лайлӣ ғофиланд,
Ин каромат нест ҷуз Маҷнуни хирмансӯзро.

Ошиқони динудунёбозро хосийятест,
К-он набошад зоҳидони молуҷоҳандӯзро.

Дигареро дар каманд овар, ки мо худ бандаем,
Ресмон дар пой ҳоҷат нест дастомӯзро.

Саъдиё, дӣ рафту фардо ҳамчунон мавҷуд нест,
Дар миёни ину он фурсат шумор имрӯзро.

Саъдии Шерозӣ


¹ Хубию зебоӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *