То бувад бори ғамат бар дили беҳуш маро

Ғазали шумораи 16

То бувад бори ғамат бар дили беҳуш маро,
Сӯзи ишқат нанишонад зи ҷигар ҷӯш маро.

Нагзарад ёди гулу сунбулам андар хотир,
То ба хотир бувад он зулфу буногӯш маро.

Шарбате талхтар аз заҳри фироқат бояд,
То кунад лаззати васли ту фаромӯш маро.

Ҳар шабам бо ғами ҳиҷрони ту сар дар болин,
Рӯзе ар бо ту нашуд даст дар оғӯш маро.

Бе даҳони ту агар сад қадаҳи нӯш диҳанд,
Ба даҳони ту, ки заҳр ояд аз он нӯш маро.

Саъдӣ андар кафи ҷаллоди ғамат мегӯяд:
Бандаам, банда ба куштан диҳу мафрӯш маро!

Саъдии Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *