Куҳан шавад ҳама касро ба рӯзгор иродат

Ғазали шумораи 33

Куҳан шавад ҳама касро ба рӯзгор иродат,
Магар маро, ки ҳамон ишқи аввал асту зиёдат.

Гарам ҷавоз набошад ба пешгоҳи қабулат,
Куҷо равам, ки намирам бар остони ибодат?

Маро ба рӯзи қиёмат магар ҳисоб набошад,
Ки ҳаҷру васли ту дидам, чӣ ҷои мавту иъодат¹?

Шунидамат, ки назар мекунӣ ба ҳоли заъифон,
Табам гирифту дилам хуш ба интизори иёдат.

Гарам ба гӯшаи чашме шикаставор бибинӣ,
Фалак шавам ба бузургию Муштарӣ² ба саодат.

Биёямат, ки бибинам, кадом заҳраву³ ёро?
Равам, ки бе ту нишинам, кадом сабру ҷалодат⁴?

Маро ҳар оина рӯзе тамом кушта бибинӣ,
Гирифта домани қотил ба ҳар ду дасти иродат.

Агар ҷанозаи Саъдӣ ба кӯи дӯст бароранд,
Зиҳӣ ҳаёти накӯному рафтане ба шаҳодат.

Саъдии Шерозӣ


¹ Бозгашт.
² Ситорае, ки саъд аст.
³ Ҷуръат.
⁴ Далерӣ, чолокӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *