Дили ҳар кӣ сайд кардӣ, накашад сар аз камандат

Ғазали шумораи 34

Дили ҳар кӣ сайд кардӣ, накашад сар аз камандат,
На дигар умед дорад, ки раҳо шавад зи бандат.

Ба Худо, ки парда аз рӯи чу оташат барафкан,
Ки ба иттифоқ бинӣ дили оламе сипандат.

На чаман шукуфае руст чу рӯи дилситонат,
На сабо санавбаре ёфт чу қомати баландат.

Гарат орзуи он аст, ки хуни ҳалқ резӣ,
Чӣ кунад, ки шер гардан наниҳад чу гӯсфандат?

Ту амири мулки ҳуснӣ ба ҳақиқат, эй дареғо,
Агар илтифот будӣ ба фақири мустамандат.

На туро бигуфтам, эй дил, ки сари вафо надорад?
Ба тамаъ зи даст рафтию ба пой дарфикандат.

Ту на марди ишқ будӣ худ аз ин ҳисоб, Саъдӣ,
Ки на қуввати гурез асту на тоқати газандат.

Саъдии Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *