Маҷнуни ишқро дигар имрӯз ҳолат аст

Ғазали шумораи 55

Маҷнуни ишқро дигар имрӯз ҳолат аст,
К-ислом дини Лайлию дигар залолат аст.

Фарҳодро аз он чӣ, ки Ширин туруш кунад?
Инро шикеб нест, гар онро малолат аст.

Азро, ки нонавишта бихонад ҳадиси ишқ,
Донад, ки оби дидаи Вомиқ рисолат аст.

Мутриб ҳамин тариқи ғазал гӯ, нигоҳ дор,
К-ин раҳ ки баргирифт, ба ҷое далолат аст.

Эй муддаъӣ, ки мегузарӣ бар канори об,
Моро ки ғарқаем, надонӣ, чӣ ҳолат аст.

З-ин дар куҷо равем, ки моро ба хоки ӯ,
В-ӯро ба хуни мо ки бирезад, ҳаволат аст.

Гар сар қадам намекунамаш, пеши аҳли дил
Сар бар намекунам, ки мақоми хиҷолат аст.

Ҷуз ёди дӯст ҳар чӣ кунӣ, умр зоеъ аст,
Ҷуз сирри ишқ ҳар чӣ бигӯӣ, батолат аст.

Моро дигар муомила бо ҳеч кас намонд,
Байъе¹ ки бе ҳузури ту кардам, иқолат² аст.

Аз ҳар ҷафот бӯи вафое ҳамедиҳад,
Дар ҳар тааннутет ҳазор истимолат аст.

Саъдӣ, бишӯй лавҳи дил аз нақши ғайри ӯ,
Илме ки раҳ ба Ҳақ нанамояд, ҷаҳолат аст.

Саъдии Шерозӣ


¹ Муомила.
² Бекор, мансух.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *