Фарёди ман аз фироқи ёр аст

Ғазали шумораи 67

Фарёди ман аз фироқи ёр аст,
В-афғони ман аз ғами нигор аст.

Бе рӯи чу моҳи он нигорин
Рухсораи ман ба хун нигор¹ аст.

Хуни ҷигарам зи фурқати² ту
Аз дида равона дар канор аст.

Дарди дили ман зи ҳад гузаштаст,
Ҷонам зи фироқ беқарор аст.

Касро зи ғами ман огаҳӣ нест,
Овах³, ки ҷаҳон на пойдор аст.

Аз дасти замона дар азобам,
З-он ҷону дилам ҳаме фигор⁴ аст.

Саъдӣ, чӣ кунӣ шикоят аз дӯст,
Чун шодию ғам на барқарор аст?


¹ Рангин.
² Ҷудоӣ, фироқ.
³ Дардо, дареғо.
⁴ Хаста, озурда.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *