Чашмат хуш асту бар асари хоб хуштар аст

Ғазали шумораи 68

Чашмат хуш асту бар асари хоб хуштар аст,
Таъми даҳонат аз шакари ноб хуштар аст.

Зинҳор аз он табассуми ширин, ки мекунӣ,
К-аз хандаи шукуфаи сероб хуштар аст.

Шамъе ба пеши рӯи ту гуфтам, ки бар кунам¹,
Ҳоҷат ба шамъ нест, ки маҳтоб хуштар аст.

Дӯш орзуи хоби хушам буд як замон,
Имшаб назар ба рӯи ту аз хоб хуштар аст.

Дар хобгоҳи ошиқи сарбарканори дӯст
Кемухти² хорпушт зи санҷоб хуштар аст.

З-он сӯи баҳри оташ агар хониям ба лутф,
Рафтан ба рӯи оташам аз об хуштар аст.

З-оби равону сабзаву саҳрову лолазор
Бо ман магӯ, ки чашм дар аҳбоб хуштар аст.

Заҳрам мадеҳ ба дасти рақибони тундхӯй,
Аз дасти худ бидеҳ, ки зи ҷуллоб ҳуштар аст.

Саъдӣ дигар ба гӯшаи ваҳдат намеравад,
Хилват хуш асту суҳбати асҳоб хуштар аст.

Ҳар боб аз ин китоби нигорин ки бар кунӣ,
Ҳамчун биҳишт, гӯӣ, аз он боб хуштар аст.

Саъдии Шерозӣ


¹ Равшан кунам, барфурӯзам.
² Пӯсти даббоғишуда.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *