Ишрат хуш асту бар тарафи ҷӯй хуштар аст

Ғазали шумораи 69

Ишрат хуш асту бар тарафи ҷӯй хуштар аст,
Май бар самоъи булбули хушгӯй хуштар аст.

Айш аст бар канори суманзор хоби субҳ,
Не, дар канор ёри суманбӯй хуштар аст.

Хоб аз хумори бодаи нӯшини бомдод
Бар бистари шақоиқи худрӯй хуштар аст.

Рӯй аз ҷамоли дӯст ба саҳро макун, ки рӯй
Дар рӯи ҳамнишини вафоҷӯй хуштар аст.

Овози чангу мутриби хушгӯй, гӯ, мабош,
Моро ҳадиси ҳамдами хушхӯй хуштар аст.

Гар шоҳид аст сабза бар атрофи гулситон,
Бар оразайни шоҳиди гулрӯй хуштар аст.

Об аз насими бод зиреҳрӯй гашта гир,
Мафтули зулфи ёри зиреҳмӯй хуштар аст.

Гӯ, чашма оби Кавсару бустон биҳишт бош,
Моро мақом бар сари ин кӯй хуштар аст.

Саъдӣ, ҷафо набурда, чӣ донӣ ту қадри ёр?
Таҳсили коми дил ба такопӯй хуштар аст.

Саъдии Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *