Зи ман мапурс, ки дар дасти ӯ дилат чун аст

Ғазали шумораи 84

Зи ман мапурс, ки дар дасти ӯ дилат чун аст,
Аз ӯ бипурс, ки ангуштҳош дар хун аст.

В-агар ҳадис кунам, тандурустро чӣ хабар,
Ки андаруни ҷароҳатрасидагон чун аст?

Ба ҳусни талъати Лайлӣ нигоҳ менакунад,
Фитода дар паи бечорае, ки Маҷнун аст.

Хаёли рӯи касе дар сар аст ҳар касро,
Маро хаёли касе, к-аз хаёл берун аст.

Хуҷаста рӯзи касе, к-аз дараш ту боз оӣ,
Ки бомдод ба рӯи ту фоли маймун¹ аст.

Чунин шамоили мавзуну қадди хуш, ки турост,
Ба тарки ишқи ту гуфтан на табъи мавзун аст.

Агар касе ба маломат зи ишқ баргардад,
Маро ба ҳар чӣ ту гӯӣ, иродат афзун аст.

На подшоҳ мунодӣ задаст, май махуред?!
Биё, ки чашму даҳони ту масту майгун аст.

Канори Саъдӣ аз он рӯз, к-аз ту дур афтод,
Азоби дида, ту гӯӣ, канори Ҷайҳун аст.

Саъдии Шерозӣ


¹ Муборак, хуҷаста.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *