Бо ҳама меҳру бо манаш кин аст

Ғазали шумораи 85

Бо ҳама меҳру бо манаш кин аст,
Чӣ кунам? Ҳаззи бахти¹ ман ин аст.

Шояд, эй нафс, то дигар накунӣ
Панҷа бо соъиде, ки симин аст.

Наниҳад пой, то набинад ҷой,
Ҳар киро чашми маслиҳатбин аст.

Масали зиракону чанбари ишқ
Тифли нодону мори рангин аст.

Дардманди фироқ сар наниҳад,
Магар он шаб, ки гӯр болин аст.

Гиря, гӯ, бар ҳалоки ман макунед,
Ки на ин навбати нахустин аст.

Лозим аст эҳтимоли чандин ҷавр,
Ки муҳаббат ҳазорчандин аст.

Гар ҳазорам ҷавоби талх диҳӣ,
Эътиқоди ман он ки ширин аст.

Мард агар шер дар каманд орад,
Чун камандаш гирифт, мискин аст.

Саъдиё, тан ба нестӣ дардеҳ,
Чора бо сахтбозувон ин аст.

Саъдии Шерозӣ


¹ Саҳми бахт, баҳраи толеъ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *