Бахти ҷавон дорад, он ки бо ту қарин аст

Ғазали шумораи 86

Бахти ҷавон дорад, он ки бо ту қарин аст,
Пир нагардад, ки дар биҳишти барин аст.

Дигар аз он ҷонибам намоз набошад,
Гар ту ишорат кунӣ, ки қибла чунин аст.

Оинае пеши офтоб ниҳода-ст
Бар дари он хайма, ё шуоъи ҷабин аст?

Гар ҳама олам зи лавҳи фикр бишӯянд,
Ишқ нахоҳад шудан, ки нақши нигин аст.

Гӯша гирифтам зи халқу фоидае нест,
Гӯшаи чашмат балои гӯшанишин аст.

То на тасаввур кунӣ, ки бе ту сабурам,
Гар нафасе мезанем, бозпасин аст.

Ҳусни ту ҳар ҷо ки табли ишқ фурӯ кӯфт,
Бонг баромад, ки ғорати дилу дин аст.

Симу зарам гӯ мабошу давлату мулкат,
Рӯи ту бинам, ки мулки рӯи замин аст.

Ошиқи содиқ ба захми дӯст намирад,
Заҳри музобам бидеҳ, ки мои маъин аст.

Саъдӣ аз ин пас, ки роҳ пеши ту донист,
Гар раҳи дигар равад, залоли мубин аст.

Ғазали шумораи 86

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *