Бо хирадмандию хубӣ порсову некхӯст

Ғазали шумораи 88

Бо хирадмандию хубӣ порсову некхӯст,
Сурате ҳаргиз надидам, к-ин ҳама маънӣ дар ӯст.

Гар хаёли ёрӣ андешанд, боре¹ чун ту ёр,
Ё ҳавои дӯстӣ варзанд, боре чун ту дӯст.

Хоки пояш бӯса хоҳам дод, обам², гӯ, бибар,
Обрӯи меҳрбонон пеши маъшуқ оби ҷӯст,

Шоҳидаш³ дидору гуфтан, фитнааш абрӯву чашм,
Нодираш болову рафтан, дилпазираш табъу хӯст.

То ба худ боз оям, он гаҳ васфи дидораш кунам,
Аз кӣ мепурсӣ дар ин майдон, ки саргардон чу гӯст?

Айби пироҳан даридан мекунандам дӯстон,
Бевафо ёрам, ки пироҳан ҳамедаррам, на пӯст.

Хоки сабзорангу⁴ боди гулфишону оби хуш,
Абри марворидборону ҳавои мушкбӯст.

Тирборон бар сару сӯфӣ гирифтори назар,
Муддаъӣ дар гуфтугӯю ошиқ андар ҷустуҷӯст.

Ҳар киро кунҷ ихтиёр омад, ту даст аз вай бидор,
К-ончунон шӯридасар пояш ба ганҷе-дар фурӯст.

Чашм агар бо дӯст дорӣ, гӯш бо душман макун,
Ошиқию некномӣ, Саъдиё, сангу сабӯст.

Саъдии Шерозӣ


¹ Ба ҳар ҳол.
² Обрӯям.
³ Зебо, хубрӯй.
⁴ Сабзранг.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *