Маро худ бо ту чизе дар миён ҳаст

Ғазали шумораи 108

Маро худ бо ту чизе дар миён ҳаст,
В-агарна, рӯи зебо дар ҷаҳон ҳаст.

Вуҷуде дорам, аз меҳрат гудозон,
Вуҷудам рафту меҳрат ҳамчунон ҳаст.

Мабар зан¹, к-аз сарам савдои ишқат
Равад, то бар заминам устухон ҳаст.

Агар пешам нишинӣ, дил нишонӣ,
В-агар ғоиб шавӣ, дар дил нишон ҳаст.

Ба гуфтан рост н-ояд шарҳи ҳуснат,
Валекин гуфт хоҳам, то забон ҳаст.

Надонам, қомат аст он ё қиёмат,
Кӣ мегӯяд, чунин сарви равон ҳаст?

Тавон гуфтан ба маҳ монӣ, вале моҳ
Напиндорам, чунин шириндаҳон ҳаст.

Ба ҷуз пешат нахоҳам сар ниҳодан,
Агар болин набошад, остон ҳаст.

Бирав, Саъдӣ, ки кӯи васли ҷонон
На бозорест, к-он ҷо қадри ҷон ҳаст.

Саъдии Шерозӣ


¹ Гумон.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *