Зиҳӣ рафиқ, ки бо чун ту сарвболоест

Ғазали шумораи 112

Зиҳӣ рафиқ, ки бо чун ту сарвболоест,
Ки аз Худой бар ӯ неъматею олоест¹.

Ҳар он ки бо ту даме ёфтаст дар ҳама умр,
Наёфтаст, агараш баъд аз он таманноест.

Ҳар он ки рои ту маълум карду дигар бор
Барои худ нафасе мезанад, на бас роест.

На ошиқ аст, ки ҳар соаташ назар ба касе,
На ориф аст, ки ҳар рӯз хотираш ҷоест.

Марову ёди ту бигзору кунҷи танҳоӣ,
Ки ҳар кӣ бо ту ба хилват бувад, на танҳоест.

Ба ихтиёр шикебоӣ аз ту натвон бурд,
Ба изтирор тавон буд, агар шикебоест.

Назар ба рӯи ту ҳар бомдод наврӯзест,
Шаби фироқи ту ҳар шаб ки ҳаст, ялдоест.

Халос бахш, Худоё, ҳама асиронро,
Магар касе, ки асири каманди зебоест.

Ҳаким бин, ки баровард сар ба шайдоӣ,
Ҳакимро ки дил аз даст рафт, шайдоест.

Валек узр тавон гуфт пои Саъдиро,
Дар ин лаҷам² чу фурӯ шуд, на аввалин поест.

Саъдии Шерозӣ


¹ Некиҳо, неъматҳо.
² Гилу лой, лаҷан.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *