Маро аз он чӣ, ки беруни шаҳр саҳроест?

Ғазали шумораи 113

Маро аз он чӣ, ки беруни шаҳр саҳроест?
Қарини дӯст ба ҳар ҷо ки ҳаст, хуш ҷоест.

Касе ки рӯи ту дидаст, аз ӯ аҷаб дорам,
Ки боз дар ҳама умраш сари тамошоест.

Умеди васл мадору хаёли дӯст мабанд,
Гарат ба хештан аз зикри дӯст парвоест.

Чу бар вилояти дил даст ёфт лашкари ишқ,
Ба даст бош, ки ҳар бомдод яғмоест.

Ба бӯи зулфи ту бо бод айшҳо дорам,
Агарчи айб кунандам, ки бодпаймоест.

Фароғи суҳбати девонагон куҷо бошад,
Туро ки ҳар хами мӯе каманди доноест?!

Зи дасти ишқи ту ҳар ҷо ки меравам, дасте
Ниҳода бар сару хоре шикаста дар поест.

Ҳазор сарв ба маънӣ ба қоматат нарасад,
В-агарчи сарв ба сурат баландболоест.

Туро кӣ гуфт, ки ҳалво диҳам ба дасти рақиб?
Ба дасти хештанам заҳр деҳ, ки ҳалвоест.

На хос дар сари ман ишқ дар ҷаҳон омад,
Ки ҳар саре ки ту бинӣ, раҳини савдоест.

Туро маломати Саъдӣ ҳалол кай бошад,
Ки бар канорию ӯ дар миёни дарёест.

Саъдии Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *