Ҷон надорад, ҳар кӣ ҷононеш нест

Ғазали шумораи 118

Ҷон надорад, ҳар кӣ ҷононеш нест,
Тангъайш аст, он ки бустонеш нест.

Ҳар киро сурат набандад сирри ишқ,
Сурате дорад, вале ҷонеш нест.

Гар диле дорӣ, ба дилбанде бидеҳ,
Зоеъ он кишвар, ки султонеш нест.

Комрон он дил, ки маҳбубеш ҳаст,
Некбахт он сар, ки сомонеш нест.

Чашми нобино замину осмон
З-он намебинад, ки инсонеш¹ нест.

Орифон дарвеши соҳибдардро
Подшо хонанд, гар нонеш нест.

Моҷарои ақл пурсидам зи ишқ,
Гуфт: Маъзул асту фармонеш нест.

Дарди ишқ аз тандурустӣ хуштар аст,
Гарчи беш аз сабр дармонеш нест.

Ҳар киро бо моҳрӯе сар хуш аст,
Давлате дорад, ки поёнеш нест.

Хона зиндон асту танҳоӣ залол²,
Ҳар кӣ чун Саъдӣ гулистонеш нест.


¹ Мардумак, инсонулайн.
² Гумроҳӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *