На худ андар замин назири ту нест

Ғазали шумораи 126

На худ андар замин назири ту нест,
Ки қамар чун рухи мунири ту нест.

Надиҳам дил ба қадду қомати сарв,
Ки чу болои дилпазири ту нест.

Дар ҳама шаҳр, эй камонабрӯ,
Кас надонам, ки сайди тири ту нест.

Дили мардум дигар касе набарад,
Ки диле нест, к-он асири ту нест.

Гар бигирӣ назири ман, чӣ кунам?
Ки маро дар ҷаҳон назири ту нест.

Зоҳир он аст, к-он дили чу ҳадид¹
Дархури садри² чун ҳарири ту нест.

Ҳама олам ба ишқбозӣ рафт
Номи Саъдӣ, ки дар замири ту нест.

Саъдии Шерозӣ


¹ Оҳан.
² Сина.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *