Кист он луъбати хандон, ки паривор бирафт

Ғазали шумораи 137

Кист он луъбати хандон, ки паривор бирафт,
Ки қарор аз дили девона ба якбор бирафт?!

Бод бӯи гули рӯяш ба гулистон овард,
Оби гулзор бишуд, равнақи аттор бирафт.

Сурати Юсуф нодида сифат мекардем,
Чун бидидем, забони сухан аз кор бирафт.

Баъд аз ин айбу маломат накунам мастонро,
Ки маро дар ҳақи ин тоифа инкор бирафт.

Дар сарам буд, ки ҳаргиз надиҳам дил ба хаёл,
Ба сарат, к-аз сари ман он ҳама пиндор бирафт.

Охир, ин мӯри миёнбастаи афтон-хезон
Чӣ хато дошт, ки саркӯфта чун мор бирафт?

Ба харобот чӣ ҳоҷат, ки яке маст шавад?
Ки ба дидори ту ақл аз сари ҳушёр бирафт.

Ба намоз омада, меҳроби ду абрӯи ту дид,
Дилаш аз даст бибурданду ба зуннор бирафт.

Пеши ту мурдан аз он беҳ, ки пас аз ман гӯянд:
На ба сидқ омада буд, ин ки ба озор бирафт.

На ту марди гули бустони умедӣ, Саъдӣ,
Ки ба паҳлӯ натавонӣ ба сари хор бирафт.

Саъдии Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *