Чу нест роҳи бурун омадан зи майдонат

Ғазали шумораи 148

Чу нест роҳи бурун омадан зи майдонат,
Зарурат аст чу гӯй эҳтимоли¹ чавгонат.

Ба ростӣ, ки нахоҳам буридан аз ту умед,
Ба дӯстӣ, ки нахоҳам шикаст паймонат.

Гарам ҳалок писандӣ, в-арам бақо бахшӣ,
Ба ҳар чӣ ҳукм кунӣ, нофиз² аст фармонат.

Агар ту, иди ҳумоюн, ба аҳд боз оӣ,
Бахилам, ар накунам хештан ба фармонат.

Маҳи дуҳафта надорад фурӯғ чандоне,
Ки офтоб, ки метобад аз гиребонат.

Агар на сарв, ки тӯбо баромадӣ дар боғ,
Хиҷил шудӣ, чу бидидӣ қади хиромонат.

Назар ба рӯи ту соҳибдиле наяндозад,
Ки бедилаш накунад чашмҳои фаттонат.

Ғуломи ҳиммати шангулиёну¹ риндонам,
На зоҳидон, ки назар мекунанд пинҳонат.

Биё, в-агар ҳама бад кардаӣ, ки некат бод,
Дуои некон аз чашми бад нигаҳбонат!

Ба хоки пот, ки гар сар фидо кунад Саъдӣ,
Муқассир аст ҳанӯз аз адои эҳсонат.

Саъдии Шерозӣ


¹ Сархушон.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *