Хуш меравӣ ба танҳо, танҳо фидои ҷонат

Ғазали шумораи 150

Хуш меравӣ ба танҳо, танҳо¹ фидои ҷонат,
Мадҳуш мегузорӣ ёрони меҳрбонат.

Оинае талаб кун, то рӯи худ бибинӣ,
В-аз ҳусни худ бимонад ангушт дар даҳонат.

Қасди шикор дорӣ ё иттифоқи бустон?
Азме дуруст бояд, то мекашад инонат.

Эй гулбуни хиромон, бо дӯстон нигаҳ кун,
То бигзарад насиме бар мо зи бӯстонат.

Рахти сарои ақлам тороҷи шавқ кардӣ,
Эй дузди ошкоро, мебинам аз ниҳонат.

Ҳар дам каманди зулфат сайде дигар бигирад,
Пайкони ғамза дар дил з-абрӯи чун камонат.

Донӣ, чаро нахуфтам? Ту подшоҳи ҳуснӣ,
Хуфтан ҳаром бошад бар чашми посбонат.

Моро намебарозад бо васлат ошноӣ,
Мурғе лабиқтар² аз ман бояд ҳамошёнат.

Ман оби зиндагонӣ баъд аз ту менахоҳам,
Бигзор, то бимирам бар хоки остонат.

Ман фитнаи замонам, в-он дӯстон ки дорӣ,
Бешак нигоҳ доранд аз фитнаи замонат.

Саъдӣ, чу дӯст дорӣ, озод бошу эмин,
В-ар душманӣ ки бошад бо ҳар кӣ дар ҷаҳонат.


¹ Тан+ҳо, ҷонҳо.
² Ҳушёртар, зирактар.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *