Сари таслим ниҳодем ба ҳукму роят

Ғазали шумораи 153

Сари таслим ниҳодем ба ҳукму роят,
То чӣ андеша кунад рои ҷаҳонороят.

Ту ба ҳар ҷо ки фуруд омадию хайма задӣ,
Каси дигар натавонад, ки бигирад ҷоят.

Ҳамчу мустасқӣ бар чашмаи нӯшини зулол
Сер натвон шудан аз дидани меҳрафзоят.

Рӯзгорест, ки савдои ту дар сар дорам,
Магарам сар биравад, то биравад савдоят.

Қадри он хок надорам, ки бар он мегузарӣ,
Ки ба ҳар вақт ҳаме бӯса диҳад бар поят.

Дӯстон айб кунандам, ки набудӣ ҳушёр,
То фурӯ рафт ба гил пои ҷаҳонпаймоят.

Чашм дар сар ба чӣ кор ояду ҷон дар тани шахс,
Гар тааммул накунад сурати ҷоносоят.

Дигаре нест, ки меҳри ту дар ӯ шояд баст,
Ҳам дар оина тавон дид магар ҳамтоят.

Рӯзи он аст, ки мардум раҳи саҳро гиранд,
Хез, то сарв бимонад хиҷил аз болоят.

Дӯш дар воқиъа дидам, ки нигорин мегуфт:
Саъдиё, гӯш макун бар сухани аъдоят¹.

Ошиқи содиқи дидори ман он гаҳ бошӣ,
Ки ба дунёву ба уқбо набувад парвоят.

Толиб он аст, ки аз шер нагардонад рӯй,
Ё набояд, ки ба шамшер бигардад роят.

Саъдии Шерозӣ


¹ Душманонат.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *