Магар насими саҳар бӯи ёри ман дорад

Ғазали шумораи 171

Магар насими саҳар бӯи ёри ман дорад,
Ки роҳати дили уммедвори ман дорад.

Ба пои сарв дарафтодаанд лолаву гул,
Магар шамоили қадди нигори ман дорад?!

Нишони роҳи саломат зи ман мапурс, ки ишқ
Зимоми хотири беихтиёри ман дорад.

Гулову тозабаҳоро, туӣ, ки орази ту
Таровати гулу бӯи баҳори ман дорад.

Дигар сари ману болини офият, ҳайҳот
Бад-ин ҳавас, ки сари хоксори ман дорад.

Ба ҳарза¹ дар сари ӯ рӯзгор кардаму ӯ
Фароғат аз ману аз рӯзгори ман дорад.

Магар ба дирди диле боз мондаам, ё Раб,
Кадом домани ҳиммат ғубори ман дорад?

Ба зери бори ту Саъдӣ чу хар ба гил дармонд,
Дилат насӯхт, ки бечора бори ман дорад.

Саъдии Шерозӣ


¹ Беҳуда.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *