Дилам дил аз ҳаваси ёр барнамегирад

Ғазали шумораи 184

Дилам дил аз ҳаваси ёр барнамегирад,
Тариқи мардуми ҳушёр барнамегирад.

Балои ишқ, Худоё, зи ҷони мо баргир,
Ки ҷони ман дил аз ин кор барнамегирад.

Ҳамегудозаму месозаму шикебоист,
Ки парда аз сари асрор барнамегирад.

Вуҷуди хастаи ман зери бори чархи фалак
Ҷафои ёр ба сарбор барнамегирад.

Равост, гар накунад ёр даъвии ёрӣ,
Чу бори ғам зи дили ёр барнамегирад.

Чӣ бошад, ар ба вафо даст гирадам як бор,
Гарам зи даст ба якбор барнамегирад.

Бисӯхт Саъдӣ дар дӯзахи фироқу ҳанӯз
Тамаъ зи ваъдаи дидор барнамегирад.

Саъдии Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *