Касе ба айби ман аз хештан напардозад

Ғазали шумораи 185

Касе ба айби ман аз хештан напардозад,
Ки ҳар кӣ менигарам, бо ту ишқ мебозад.

Фариштаӣ ту бад-ин равшанӣ, на одамиӣ,
На одамист, ки бар ту назар наяндозад.

На одамӣ, ки агар оҳанин бувад шахсе,
Дар офтоби ҷамолат чу мум бигдозад.

Чунин писар, ки туӣ роҳати равони падар,
Сазад, ки модари гетӣ ба рӯи ӯ нозад.

Камони чафтаи абрӯ кашида то буни гӯш,
Чу лашкарӣ, ки ба дунболи сайд метозад.

Кадом гул, ки ба рӯи ту монад андар боғ?
Кадом сарв, ки бо қоматат сар афрозад?

Дарахти меваи мақсуд аз он баландтар аст,
Ки дасти қудрати кӯтоҳи мо бар ӯ ёзад.

Мусалламаш набувад ишқи ёри оташрӯй,
Магар касе ки чу парвона сӯзаду созад.

Мадеҳ ба дасти фироқам пас аз висол чу чанг,
Ки мутрибаш бизанад, баъд аз он ки бинвозад.

Хилофи аҳди ту ҳаргиз наёяд аз Саъдӣ,
Диле ки аз ту бипардохт, бо кӣ пардозад?

Саъдии Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *