Онро, ки ғаме чун ғами ман нест, чӣ донад

Ғазали шумораи 217

Онро, ки ғаме чун ғами ман нест, чӣ донад,
К-аз шавқи туам дида чӣ шаб мегузаронад?

Вақт аст, агар аз пой дароям, ки ҳама умр
Боре накашидам, ки ба ҳиҷрони ту монад.

Сӯзи дили Яъқуби ситамдида зи ман пурс,
К-андӯҳи дили сӯхтагон сӯхта донад.

Девона гараш панд диҳӣ, кор набандад,
В-ар банд ниҳӣ, силсила¹ аз ҳам гусилонад.

Мо бе ту ту ба дил-бар назадем оби сабурӣ,
Дар оташи сӯзанда сабурӣ кӣ тавонад?

Ҳар гаҳ ки бисӯзад ҷигарам, дида бигиряд,
В-ин гиря на обест, ки оташ бинишонад.

Султони хаёлат шабе ором нагирад,
То бар сари сабри мани мискин надавонад.

Ширин нанамояд ба даҳонаш шакари васл,
Онро ки фалак заҳри ҷудоӣ начашонад.

Гар бори дигар домани коме ба каф орам,
То зиндаам, аз чанги манаш кас нараҳонад.

Тарсам, ки намонам ман аз ин ранҷ, дареғо,
К-андар дили ман ҳасрати рӯи ту бимонад.

Қосид равад аз Порс ба киштӣ ба Хуросон,
Гар чашми ман андар ақибаш сел биронад.

Фарёд, ки гар ҷаври фироқи ту нависам,
Фарёд барояд, зи дили ҳар кӣ бихонад.

Шарҳи ғами ҳиҷрони ту ҳам бо ту тавон гуфт,
Пайдост, ки қосид чӣ ба самъи ту расонад.

Зинҳор, ки хун мечакад аз гуфтаи Саъдӣ,
Ҳар-к ин ҳама ништар² бихурад, хун бичаконад.

Саъдии Шерозӣ


¹ Занҷир.
² Теғи рагзанӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *