Дилам хаёли туро раҳнамой медонад

Ғазали шумораи 220

Дилам хаёли туро раҳнамой медонад,
Ҷуз ин тариқ надонам, Худой медонад.

Зи дарди рӯбаҳи ишқат чу шер менолам,
Агарчи ҳамчу сагам ҳарзалой¹ медонад.

Зи фурқати ту намедонам эч² лаззати умр,
Ба чашмҳои каши дилрабой медонад.

Басе бигашту ғамат дар дилам мақом гирифт,
Куҷо равад, ки ҳам он ҷой ҷой медонад.

Ба ҳоли Саъдии бечора қаҳқаҳа чӣ занӣ,
Ки чора дар ғами ту ҳой-ҳой медонад?

Саъдии Шерозӣ


¹ Ҳарзагӯ.
² Ҳеч.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *