Маҷлиси мо дигар имрӯз ба бустон монад

Ғазали шумораи 221

Маҷлиси мо дигар имрӯз ба бустон монад,
Айши хилват ба тамошои гулистон монад.

Май ҳалол аст касеро, ки бувад хона биҳишт,
Хоса аз дасти ҳарифе, ки ба ризвон монад.

Хати сабзу лаби лаълат ба чӣ монанда кунӣ?
Ман бигӯям: Ба лаби чашмаи ҳайвон монад.

То сари зулфи парешони ту маҳбуби ман аст,
Рӯзгорам ба сари зулфи парешон монад.

Чӣ кунад куштаи ишқат, ки нагӯяд ғами дил?
Ту напиндор, ки хун резию пинҳон монад.

Ҳар кӣ чун мум ба хуршеди рухат нарм нашуд,
Зинҳор аз дили сахташ, ки ба сандон монад.

Нодир афтад, ки яке дил ба висолат надиҳад,
Ё касе дар балади куфр¹ мусулмон монад.

Ту ки чун барқ бихандӣ, чӣ ғамат дорад аз он,
Ман чунон зор бигирям, ки ба борон монад.

Таъна бар ҳайрати Саъдӣ на ба инсоф задӣ,
Кас чунин рӯй набинад, ки на ҳайрон монад.

Ҳар кӣ бо сурату болои туаш унсе нест,
Ҳаявонест, ки болош² ба инсон монад.

Саъдии Шерозӣ


¹ Шаҳру диёри кофарон.
² Қомат.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *