Чӣ кунад банда, ки бар ҷавр таҳаммул накунад?

Ғазали шумораи 240

Чӣ кунад банда, ки бар ҷавр таҳаммул накунад?
Дил агар танг шавад, меҳр табаддул накунад.

Дилу дин дар сари корат шуду бисёре нест,
Сару ҷон хоҳ, ки девона тааммул накунад.

Сеҳр, гӯянд, ҳаром аст дар ин аҳд, валек
Чашмат он кард, ки Ҳорут ба Бобил накунад.

Ғарқа дар баҳри амиқи ту чунон бехабарам,
Ки мабодо, ки чи дарём, чи соҳил накунад.

Ба гулистон наравам, то ту дар оғӯши манӣ,
Булбул ар рӯи ту бинад, талаби гул накунад.

Ҳар кӣ бо дӯст чу Саъдӣ нафасе хуш дарёфт,
Чизу кас дар назараш боз тахайюл накунад.

Саъдии Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *