Сарви баланд бин, ки чӣ рафтор мекунад

Ғазали шумораи 242

Сарви баланд бин, ки чӣ рафтор мекунад,
В-он моҳи муҳташам, ки чӣ гуфтор мекунад.

Он чашми маст бин, ки ба шӯхию дилбарӣ
Қасди ҳалоки мардуми ҳушёр мекунад.

Девона мекунад дили соҳибтамизро,
Ҳар гаҳ ки илтифоти паривор мекунад.

Оқил хабар надорад аз андӯҳи ошиқон,
Хуфта-сту айби мардуми бедор мекунад.

Ман тоқати шикеб надорам зи рӯи хуб,
Сӯфӣ ба аҷзи хештан иқрор мекунад.

Бечора аз мутолиаи¹ рӯи некувон
Сад бор тавба карду дигар бор мекунад.

Саъдӣ, нагуфтамат, ки хами зулфи шоҳидон
Дар банди ӯ машав, ки гирифтор мекунад.

Саъдии Шерозӣ


¹ Хуб нигоҳ кардан, наззора кардан.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *