Ёр бо мо бевафоӣ мекунад

Ғазали шумораи 244

Ёр бо мо бевафоӣ мекунад,
Бе гуноҳ аз ман ҷудоӣ мекунад.

Шамъи ҷонамро бикушт он бевафо,
Ҷои дигар рӯшноӣ мекунад.

Мекунад бо хеши худ бегонагӣ,
Бо ғарибон ошноӣ мекунад.

Ҷавфурӯш аст он нигори сангдил,
Бо ман ӯ гандумнамоӣ мекунад.

Ёри ман авбошу қаллош¹ асту ринд,
Бар ман ӯ худ порсоӣ мекунад.

Эй мусулмонон, ба фарёдам расед,
К-он фалонӣ бевафоӣ мекунад.

Киштии умрам шикастаст аз ғамаш,
Аз мани мискин ҷудоӣ мекунад.

Он чи бо ман мекунад андар замон,
Офати даври самоӣ² мекунад.

Саъдии ширинсухан дар роҳи ишқ
Аз лабаш бӯсе гадоӣ мекунад.


¹ Боданӯш, майгусор.
² Гардиши осмонӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *