Нашояд, ки хубон ба саҳро раванд

Ғазали шумораи 252

Нашояд, ки хубон ба саҳро раванд,
Ҳама кас шиносанду ҳар ҷо раванд.

Ҳалол аст рафтан ба саҳро, валек
На инсоф бошад, ки бе мо раванд.

Набояд дил аз дасти мардум рабуд,
Чу хоҳанд ҷое, ки танҳо раванд.

Кӣ бипсандад аз боғбонони гул,
Ки аз бонги булбул ба саҳро раванд?

Бароранд фарёди ишқ аз Хито,
Гар ин шӯхчашмон ба яғмо раванд.

Ҳама сарвҳоро бибояд хамид,
Ки дар пои он сарвболо раванд.

Басо ҳушмандо, ки дар кӯи ишқ
Чу ман оқил оянду шайдо раванд.

Бисозем бар осмон сулламе¹,
Агар шоҳидон бар Сурайё раванд.

На Саъдӣ дар ин гил фурӯ рафту бас,
Ки онон, ки бар рӯи дарё раванд.

Саъдии Шерозӣ


¹ Нардбон.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *