Ахтароне, ки ба шаб дар назари мо оянд

Ғазали шумораи 254

Ахтароне, ки ба шаб дар назари мо оянд,
Пеши хуршед муҳол аст, ки пайдо оянд.

Ҳамчунин пеши вуҷудат ҳама хубон адаманд,
Гарчи дар чашми халоиқ ҳама зебо оянд.

Мардум аз қотили амдо бигурезанд ба ҷон,
Покбозон бари шамшери ту амдо оянд.

То маломат накунӣ тоифаи риндонро,
Ки ҷамоли ту бибинанду ба ғавғо оянд.

Яъламуллаҳ, ки гар оӣ ба тамошо рӯзе,
Мардумон аз дару бомат ба тамошо оянд.

Далқу саҷҷодаи номус ба майхона фирист,
То муридони ту дар рақсу таманно оянд.

Аз сари сӯфии солус дутоӣ баркаш,
К-андар ин раҳ адаб он аст, ки танҳо оянд.

Менадонам хатари дӯзаху савдои биҳишт,
Ҳар куҷо хайма занӣ, аҳли дил он ҷо оянд.

Оҳи Саъдӣ ҷигари гӯшанишинон хун кард,
Хуррам он рӯз, ки аз хона ба саҳро оянд.

Саъдии Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *