Нафасе вақти баҳорам ҳаваси саҳро буд

Ғазали шумораи 256

Нафасе вақти баҳорам ҳаваси саҳро буд
Бо рафиқе ду, ки доим натавон танҳо буд.

Хоки Шероз чу дебои мунаққаш дидам,
В-он ҳама сурати шоҳид, ки бар он дебо буд.

Порс дар сояи иқболи Атобак¹ эмин,
Лекин аз нолаи мурғони чаман ғавғо буд.

Шаккарин пистадаҳоне ба тафарруҷ бигузашт,
Ки чӣ гӯям, натавон гуфт, ки чун зебо буд.

Яъламуллаҳ, ки шақоиқ на бад-он лутфу суман
На бад-он бӯю санавбар на бад-он боло буд.

Фитнаи Сомирияш дар назари шӯрангез,
Нафаси исавияш дар дар лаби шаккархо буд.

Ман дар андеша, ки бут ё маҳи нав, ё малак аст,
Ёри бутпайкари маҳрӯи малаксимо буд.

Дили Саъдию ҷаҳоне ба даме ғорат кард,
Ҳамчу Наврӯз, ки бар хони малик яғмо буд.

Саъдии Шерозӣ


¹ Атобак Музаффаруддин Абӯбакр ибни Саъд ибни Зангӣ – подшоҳи Порс.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *