Маро роҳат аз зиндагӣ дӯш буд

Ғазали шумораи 258

Маро роҳат аз зиндагӣ дӯш буд,
Ки он моҳрӯям дар оғӯш буд.

Чунон масти дидору ҳайрони ишқ,
Ки дуёву динам фаромӯш буд.

Нагӯям маи лаъли ширингувор,
Ки заҳр аз кафи дасти ӯ нӯш буд.

Надонистам аз ғояти лутфу ҳусн,
Ки симу суман ё бару дӯш буд.

Ба дидору гуфтори ҷонпарвараш
Саропои ман дидаву гӯш буд.

Намедонам ин шаб, ки чун рӯз шуд,
Касе боздонад, ки боҳуш буд.

Муаззин ғалат кард бонги намоз,
Магар ҳамчу ман масту мадҳуш буд?!

Бигуфтему душман бидонисту дӯст,
Намонд он таҳаммул, ки сарпӯш буд.

Ба хобаш магар дидаӣ, Саъдиё?
Забон даркаш имрӯз, к-он дӯш буд.

Мабодо, ки ганҷе бибинад фақир,
Ки натвонад аз ҳирс хомӯш буд.

Саъдии Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *