Ночор, ҳар кӣ соҳиби рӯи накӯ бувад

Ғазали шумораи 259

Ночор, ҳар кӣ соҳиби рӯи накӯ бувад,
Ҳар ҷо ки бигзарад, ҳама чашме бар ӯ бувад.

Эй гул, ту низ шӯхии булбул муоф дор,
К-он ҷо ки рангу бӯй бувад, гуфтугӯ бувад.

Нафс орзу кунад, ки ту лаб бар лабаш ниҳӣ,
Баъд аз ҳазор сол, ки хокаш сабӯ бувад.

Покизарӯй дар ҳама шаҳре бувад, валек
На чун ту покдоману покизахӯ бувад.

Эй гӯиҳуснбурда зи хубони рӯзгор,
Мискин касе, ки дар хами чавгон чу гӯ бувад.

Мӯе чунин дареғ набошад гиреҳ задан?
Бигзор, то канору барат мушкбӯ бувад.

Пиндорам, он ки бо ту надорад тааллуқе,
На одамӣ, ки сурате аз сангу рӯ бувад.

Ман боре аз ту барнатавонам гирифт чашм,
Гумкардадил ҳар оина дар ҷустуҷӯ бувад.

Барменаёяд аз дили тангам нафас тамом,
Чун нолаи касе, ки ба чоҳе фурӯ бувад.

Саъдӣ, сипос дору ҷафо бину дам мазан,
К-аз дасти некувон ҳама чизе накӯ бувад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *