Сарвболое ба саҳро меравад

Ғазали шумораи 267

Сарвболое ба саҳро меравад,
Рафтанаш бин, то чӣ зебо меравад.

То кадомин боғ аз ӯ хуррамтар аст,
К-ӯ ба ромиш кардан он ҷо меравад.

Меравад дар роҳу дар аҷзои хок
Мурда мегӯяд: Масеҳо меравад.

Инчунин бехуд нарафтӣ сангдил,
Гар бидонистӣ, ки бар мо меравад.

Аҳли дилро гӯ: Нигаҳ доред чашм,
К-он парипайкар ба яғмо меравад.

Ҳар киро дар шаҳр дид аз марду зан,
Дил рабуд, акнун ба саҳро меравад.

Офтобу сарв ғайрат¹ мебаранд,
К-офтобе сарвболо меравад.

Боғро чандон бисот афкандаанд,
К-одамӣ бар фарши дебо меравад.

Ақлро бо ишқ зӯри панҷа нест,
Кори мискин аз мудоро меравад.

Саъдиё, дил дар сараш кардию рафт,
Балки ҷонаш низ дар по меравад.

Саъдии Шерозӣ


¹ Рашк.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *