Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад

Ғазали шумораи 268

Эй сорбон, оҳиста рон, к-ороми ҷонам меравад,
В-он дил, ки бо худ доштам, бо дилситонам меравад.

Ман мондаам маҳҷур¹ аз ӯ, бечораву ранҷур аз ӯ,
Гӯӣ, ки неше дур аз ӯ дар устухонам меравад.

Гуфтам ба найрангу фусун пинҳон кунам реши дарун,
Пинҳон намемонад, ки хун бар остонам меравад.

Маҳмил бидор, эй сорвон, тундӣ макун бо корвон,
К-аз ишқи он сарви равон, гӯӣ, равонам меравад.

Ӯ меравад доманкашон, ман заҳри танҳоӣ чашон,
Дигар мапурс аз ман нишон, к-аз дил нишонам меравад.

Баргашт ёри саркашам, бигзошт айши нох(в)ашам,
Чун миҷмаре пуроташам, к-аз сар духонам меравад.

Бо он ҳама бедоди ӯ в-ин аҳди бебунёди ӯ,
Дар сина дорам ёди ӯ, ё бар забонам меравад.

Боз ою бар чашмам нишин, эй дилситони нозанин,
К-ошӯбу фарёд аз замин бар осмонам меравад.

Шаб то саҳар менағнавам² в-андарзи кас менашнавам,
В-ин раҳ на қосид меравам, к-аз каф инонам меравад.

Гуфтам, бигирям, то ибил³ чун хар фурӯ монад ба гил,
В-ин низ натвонам, ки дил бо корвонам меравад.

Сабр аз висоли ёри ман, баргаштан аз дилдори ман,
Гарчи набошад кори ман, ҳам кор аз онам меравад.

Дар рафтани ҷон аз бадан гӯянд ҳар навъе сухан,
Ман худ ба чашми хештан дидам, ки ҷонам меравад.

Саъдӣ, фиғон аз дасти мо лоиқ набуд, эй бевафо,
Тоқат намеорам ҷафо, кор аз фиғонам меравад.

Саъдии Шерозӣ


¹ Ҷудо, дур.
² Намеосоям.
³ Шутур.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *