Он ки маро орзуст, дер муяссар шавад

Ғазали шумораи 269

Он ки маро орзуст, дер муяссар шавад,
В-ин чи маро дар сар аст, умр дар ин сар шавад.

То ту наёӣ ба фазл, рафтани мо ботил аст,
В-ар ба масал пои саъй дар талабат сар шавад.

Барқи ҷамоле биҷаст, хирмани халқе бисӯхт,
З-он ҳама оташ нагуфт, дуди диле бар шавад.

Эй назари офтоб, ҳеч зиён дорадат,
Гар дару девори мо аз ту мунаввар шавад?

Гар нигаҳе дӯствор бар тарафи мо кунӣ,
Ҳуққа ҳамон кимиёст, в-ин миси мо зар шавад.

Ҳуши хирадмандро ишқ ба тороҷ бурд,
Ман нашунидам, ки боз сайди кабӯтар шавад.

Гар ту чунин хубрӯй бори дигар бигзарӣ,
Суннати парҳезгор дини қаландар шавад.

Ҳар кӣ ба гил дар бимонд, то бинагиранд даст,
Ҳар чӣ кунад ҷаҳд беш, пой фурӯтар шавад.

Чун мутасаввар шавад дар дили мо нақши дӯст,
Ҳамчу буташ бишканем, ҳар чӣ мусаввар шавад.

Партави хуршеди ишқ бар ҳама афтад, валек
Санг ба як навъ нест, то ҳама гавҳар шавад.

Ҳар чӣ ба гӯши қабул дафтари Саъдӣ шунид,
Дафтари ваъзаш ба гӯш ҳамчу дафи тар¹ шавад.

Саъдии Шерозӣ


¹ Пӯсти даф агар тар бошад, садои нохуш дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *