Бахт ин кунад, ки рои ту бо мо яке шавад

Ғазали шумораи 271

Бахт ин кунад, ки рои ту бо мо яке шавад,
То бишнавад ҳасуду бар ӯ новаке шавад.

Хунам бирезу бар сари хокам гузор кун,
К-ин ранҷу сахтиям ҳама пеш андаке шавад.

Онро мусаллам аст тамошои навбаҳор,
К-аз ишқи бӯстон гулу хораш яке шавад.

Эй муфлис, он чи дар сари туст аз хаёли ганҷ,
Поят зарурат аст, ки дар маҳлаке¹ шавад.

Саъдӣ дар ин каманд ба девонагӣ фитод,
Гар дигараш халос бувад, зираке шавад.

Саъдии Шерозӣ


¹ Ҷои ҳалок.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *