Туро сарест, ки бо мо фурӯ намеояд

Ғазали шумораи 290

Туро сарест, ки бо мо фурӯ намеояд,
Маро диле, ки сабурӣ аз ӯ намеояд.

Кадом дида ба рӯи ту боз шуд ҳама умр,
Ки оби дида ба рӯяш фурӯ намеояд?

Ҷуз ин қадар натавон гуфт бар ҷамоли ту айб,
Ки меҳрбонӣ аз он табъу хӯ намеояд.

Чӣ ҷавр, к-аз хами чавгони зулфи мушкинат
Бар уфтодаи мискин чу гӯ намеояд?

Агар ҳазор газанд ояд аз ту бар дили реш,
Бад аз ман аст, ки гӯям, накӯ намеояд.

Гар¹ аз ҳадиси ту кӯтаҳ кунам забони умед,
Ки ҳеч ҳосил аз ин гуфтугӯ намеояд.

Гумон баранд, ки дар удсӯзи синаи ман
Бимурд оташи маънӣ, ки бӯ намеояд.

Чӣ ошиқ аст, ки фарёди дарднокаш нест?
Чӣ маҷлис аст, к-аз ӯ ҳою ҳу намеояд?

Ба шир буд магар шӯри ишқ Саъдиро,
Ки пир гашту тағайюр дар ӯ намеояд?!

Саъдии Шерозӣ


¹ Мухаффафи «магар».

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *