Шарт аст ҷафо кашидан аз ёр

Ғазали шумораи 298

Шарт аст ҷафо кашидан аз ёр,
Хамр¹ асту хумору гулбуну хор.

Ман муътақидам, ки ҳар чӣ гӯӣ,
Ширин бувад аз лаби шакарбор.

Пеши дигаре наметавон рафт,
Аз ту ба ту омадам ба зинҳор.

Айбат накунам, агар бихандӣ
Бар ман, чу бигирям аз ғамат зор.

Шак нест, ки бӯстон бихандад,
Ҳар гаҳ ки бигиряд абри озор².

Ту меравию хабар надорӣ,
В-андар ақибат қулубу абсор³.

Гар пеши ту навбате бимирам,
Ҳечам набувад газанду тимор⁴.

Ҷуз ҳасрати он ки зинда гардам,
То пеш бимирамат дигар бор.

Гуфтам, ки ба гӯшае чу санге
Биншинаму рӯи дил ба девор.

Донам, ки муяссарам нагардад,
Ту санг дароварӣ ба гуфтор.

Саъдӣ наравад ба сахтӣ аз пеш,
Бо қайд куҷо равад гирифтор?

Саъдии Шерозӣ


¹ Бода, шароб.
² Абри баҳор.
³ Дилҳову дидаҳо.
⁴ Фикру андеша.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *