Ёр он бувад, ки сабр кунад бар ҷафои ёр

Ғазали шумораи 300

Ёр он бувад, ки сабр кунад бар ҷафои ёр,
Тарки ризои хеш кунад дар ризои ёр.

Гар бар вуҷуди ошиқи содиқ ниҳанд теғ,
Бинад хатои хешу набинад хатои ёр.

Ёр аз барои нафс гирифтан тариқ нест,
Мо нафси хештан бикушем аз барои ёр.

Ёрон шунидаам, ки биёбон гирифтаанд,
Бетоқат аз маломати халқу ҷафои ёр.

Ман раҳ намебарам, магар он ҷо ки кӯи дӯст,
Ман сар намениҳам, магар он ҷо ки пои ёр.

Гуфтӣ ҳавои боғ дар айёми гул хуш аст,
Моро бадар намеравад аз сар ҳавои ёр.

Бустони бемушоҳида¹ дидан муҷоҳида-ст,
В-ар сад дарахти гул бинишонӣ ба ҷои ёр.

Эй бод, агар ба гулшани рӯҳониён равӣ,
Ёри қадимро бирасонӣ дуои ёр.

Моро зи дарди ишқи ту бо кас ҳадис нест,
Ҳам пеши ёр гуфта шавад моҷарои ёр.

Ҳар кас миёни ҷамъею Саъдию гӯшае,
Бегона бошад аз ҳама халқ ошнои ёр.

Саъдии Шерозӣ


¹ Дидор.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *