Ба фалак мерасад аз рӯи чу хуршеди ту нур

Ғазали шумораи 302

Ба фалак мерасад аз рӯи чу хуршеди ту нур,
Қул, ҳуваллоҳу аҳад¹, чашми бад аз рӯи ту дур!

Одамӣ чун ту дар офоқ нишон натвон дод,
Балки дар ҷаннати фирдавс набошад чу ту ҳур.

Ҳур фардо, ки чунин рӯи биҳиштӣ бинад,
Гараш инсоф бувад, муътариф² ояд ба қусур³.

Шаби мо рӯз набошад, магар он гоҳ, ки ту
Аз шабистон бадар оӣ чу сабоҳ аз дайҷур⁴.

Зиндагонро на аҷаб, гар ба ту майле бошад,
Мурдагон бознишинанд ба ишқат зи қубур⁵.

Он баҳоим натавон гуфт, ки ҷоне дорад,
Ки надорад назаре бо чу ту зебоманзур.

Сеҳри чашмони ту ботил накунад чашмовез,
Маст чандон ки бикӯшанд, набошад мастур.

Ин ҳаловат, ки ту дорӣ, на аҷаб, к-аз дастат
Асалӣ⁶ дӯзаду зуннор бибандад занбур.

Ончи дар ғайбатат, эй дӯст, ба ман мегузарад,
Натавонам, ки ҳикоят кунам, илло ба ҳузур.

Манам имрӯзу ту ангуштнамои зану мард,
Ман ба ширинсуханӣ, ту ба накӯӣ машҳур.

Сахтам ояд, ки ба ҳар дида туро менигаранд,
Саъдиё, ғайратат омад, на аҷаб Саъди⁷ ғаюр.

Саъдии Шерозӣ


¹ Ба манзури дур будан аз чашмзахм мегӯянд.
² Эътирофкунанда.
³ Кӯтоҳӣ.
⁴ Шаби торик.
⁵ Гӯрҳо, қабрҳо.
⁶ Порчаи зарде, ки аҳли зимма (махсусан яҳудиён) барои имтиёз бар ҷома
медӯхтанд.
⁷ Саъди Зангӣ, ки Саъдӣ мансуб ба ӯст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *