Фитнаам бар зулфу болои ту, эй бадри мунир

Ғазали шумораи 308

Фитнаам бар зулфу болои ту, эй бадри мунир¹,
Қомат аст он ё қиёмат, анбар аст он ё абир?

Гар шудам дар роҳи савдо, раҳнамоё, раҳ намой,
Шахсам аз пой андаромад, дастгиро, даст гир.

Гар зи пеши худ биронӣ чун саг аз масҷид маро,
Сар зи ҳукмат барнадорам чун мурид аз гуфти пир.

Новаки фарёди ман ҳар соат аз маҷрои дил
Бигзарад аз чархи атлас ҳамчу сӯзан аз ҳарир.

Чун кунам, к-аз дил шикебоям, зи дилбар ношикеб,
Чун кунам, к-аз ҷон гузир асту зи ҷонон ногузир?!

Бе ту гар дар ҷаннатам, нохуш шароби Салсабил,
Бо ту гар дар дӯзахам, хуррам ҳавои замҳарир².

Гар бипаррад мурғи васлат дар ҳавои бахти ман,
Ваҳ, ки он соат зи шодӣ чорпар гардам чу тир.

То равонам ҳаст, хоҳам ронд номат бар забон,
То вуҷудам ҳаст, хоҳам канд нақшат дар замир.

Гар наборад фазл борони иноят бар сарам,
Лоба³ бар гардун расонам чун ҷуҳудон дар Фатир⁴.

Булъаҷаб шӯридаам, саҳвам ба раҳмат даргузор,
Саҳмгин дармондаам, ҷурмам ба тоат дарпазир.

Оҳи дардолуди Саъдӣ гар зи гардун бигзарад,
Дар ту, кофирдил, нагирад, эй мусулмонон, нафир!

Саъдии Шерозӣ


¹ Моҳи тамоми нуронӣ.
² Аз назари шиддати сармо муқобили дӯзах, ҳавои хеле сард.
³ Тазарруъ, изҳори ниёз.
⁴ Яке аз ҷашнҳои яҳудиён.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *