Он ки ҳалоки ман ҳамехоҳаду ман саломаташ

Ғазали шумораи 321

Он ки ҳалоки ман ҳамехоҳаду ман саломаташ,
Ҳар чӣ кунад зи шоҳидӣ, кас накунад маломаташ.

Мева намедиҳад ба кас, боғи тафарруҷ асту бас,
Ҷуз ба назар намерасад себи дарахти қоматаш.

Доруи дил намекунам, к-он ки маризи ишқ шуд,
Ҳеч даво наёварад боз ба истиқоматаш.

Ҳар кӣ фидо намекунад дуйию дину молу сар,
Гӯ, ғами некувон махур, то нахурӣ надоматаш.

Ҷанг намекунам, агар даст ба теғ мебарад,
Балки ба хун мутолибат ҳам накунам қиёматаш.

Кош, ки дар қиёматаш бори дигар бидидаме,
К-ончи гуноҳи ӯ бувад, ман бикашам ғароматаш.

Ҳар кӣ ҳаво гирифту рафт аз паи орзуи дил,
Гӯш мадор, Саъдиё, бар хабари саломаташ.

Саъдии Шерозӣ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *