Ба умри хеш надидам шабе, ки мурғи дилам

Ғазали шумораи 343

Ба умри хеш надидам шабе, ки мурғи дилам
Нахонд бар гули рӯят, чӣ ҷои булбули боғ?

Таро фароғати мо гар бувад, в-агар набувад,
Маро ба рӯи ту, аз ҳар кӣ олам аст, фароғ.

Зи дарди ишқи ту уммеди растгорӣ нест,
Гурехтан натавонанд бандагони бадоғ.

Туро ки ин ҳама булбул навои ишқ зананд,
Чӣ илтифот бувад бар адои мункари¹ зоғ?

Далели рӯи ту ҳам рӯи туст Саъдиро,
Чароғро натавон дид ҷуз ба нури чароғ.

Саъдии Шерозӣ


¹ Овози зишту нописанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *