Маро расад, ки барорам ҳазор нола чу булбул

Ғазали шумораи 346

Маро расад, ки барорам ҳазор нола чу булбул,
Ки эҳтимол надорам зи дӯстон варақе гул.

Хабар баред ба булбул, ки аҳд мешиканад гул,
Ту низ, агар битавонӣ, бибанд бори таҳаввул¹.

Агарчи молики риққию² подшоҳи баҳаққӣ,
Ҳамат ҳалол набошад зи хуни банда тағофул.

Ту он каманд надорӣ, ки ман халос биёбам,
Асир мондаму дармон таҳаммул асту тазаллул³.

Вафову аҳду мурувват миёни аҳли иродат
На чун бақои шукуфа-сту ишқбозии булбул.

Маро, ки чашми иродат ба рӯю мӯи ту бошад,
Далели сидқ набошад назар ба лолаву сунбул.

Ту худ тааммули Саъдӣ намекунӣ, ки бибинӣ,
Ки ҳеч бор надидат, ки сер шуд зи тааммул.

Саъдии Шерозӣ


¹ Аз ҷо ба ҷо шудан.
² Банда, барда.
³ Забун нишон додани худ, хорнамоӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *