Чашми бадат дур, эй бадеъшамоил

Ғазали шумораи 348

Чашми бадат дур, эй бадеъшамоил,
Ёри ману шамъи ҷамъу шоҳи қабоил!

Ҷилвакунон меравию боз миёӣ,
Сарв надидам бад-ин сифат мутамоил.

Ҳар сифатеро далели маърифате ҳаст,
Рӯи ту бар қудрати Худой далоил.

Қиссаи Лайлӣ махону ғуссаи Маҷнун,
Аҳди ту мансух кард зикри авоил.

Номи ту мерафту орифон бишуниданд,
Ҳар ду ба рақс омаданд сомиъу қоил.

Парда чӣ бошад миёни ошиқу маъшуқ?
Садди Сикандар на мониъ асту на ҳоил¹.

Гӯ, ҳама шаҳрам нигаҳ кунанду бибинанд,
Даст дар оғӯши ёр карда ҳамоил.

Давр ба охир расиду умр ба поён,
Шавқи ту сокин нагашту меҳри ту зоил,

Гар ту биронӣ, касам шафеъ набошад,
Раҳ ба ту донам дигар ба ҳеч васоил,

Бо кӣ нагуфтам ҳикояти ғами ишқат?
Ин ҳама гуфтему ҳал нагашт масоил.

Саъдӣ аз ин пас на оқил асту на ҳушёр,
Ишқ бичарбид бар фунуни фазоил.

Саъдии Шерозӣ


¹ Ҳиҷоб, ҷудокунанда.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *